Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Обама бо вакилон дар бораи Ироқ гуфтугӯ кард


Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико рӯзи 18-уми июн бо вакилони Конгресс дар бораи иқдоми низомӣ алайҳи тундравони суннимазҳаб дар Ироқ гуфтугӯ кард. Баъди ин мулоқот раҳбари ҷиноҳи Ҳизби Ҷумҳурихоҳон дар Конгрессс гуфт, Барак Обама ишора кардааст, ки “шарт нест, барои андешидани ҳар иқдом дар он самт аз вакилон иҷоза бихоҳад.” Баъди кӯмак хостани ҳукумати Ироқ аз Амрико барои муқобила бо тундравон, Иёлоти Муттаҳида ҳоло масъалаи ҳамлаҳои ҳавоӣ ба ҷангҷӯёни суннимазҳаб ва ё истифода аз ҳавопаймоҳои бесарнишин алайҳи онҳоро баррасӣ мекунад. Аммо гуфтааст, Амрико ба Ироқ нерӯҳои заминӣ намефиристад. Ненси Пелоси, раҳбари ҷиноҳи Ҳизби Демократ дар Конгресс, гуфт, ки Барак Обама барои кӯмаки амниятӣ ба Ироқ “ба ягон дастури қонунӣ” эҳтиёҷ надорад. Аммо рӯзномаи “Ню Йорк Таймс” аз қавли мақомоти Кохи Сафед навиштааст, ки мумкин аст, Барак Обама барои иқдоми низомӣ алайҳи тундравон дар Ироқ аз Конгресс расман иҷоза бихоҳад.
XS
SM
MD
LG