Пайвандҳои дастрасӣ

Бағдод хостори зарбаҳои ҳавоии ИМА ба мавқеъҳои ДИИШ шуд


Ҳушёр Зебарӣ

Ҳушёр Зебарӣ

Ҳушёр Зебарӣ, вазири умури хориҷии Ироқ, рӯзи чаҳоршанбе, 18 июн, гуфт, ки Бағдод аз Амрико хостааст то ба мавқеъҳои ситезаҷӯён аз гурӯҳи “Давлати исломии Ироқ ва Шом” (ДИИШ) аз ҳавопаймои ҷангӣ зарба занад. Ӯ дар сӯҳбат ба хабарнигорон гуфт, ки ин дархост дар пояи созиши дуҷониба оид ба таъмини амният миёни ИМА ва Ироқ ироа шудааст.

Рӯзи чаҳоршанбе мусаллаҳони гурӯҳи ДИИШ, ки чанд шаҳр дар шимоли Ироқро таҳти тасарруф қарор додааст, ба бузургтарин дар Ироқ корхонаи коркарди нафт дар шаҳри Байҷӣ, воқеъ дар шимоли Бағдод, ҳамла карданд. Онҳо сӯи корхона аз миномеғту пулемётҳо оташ кушоданд. Ҳаракати ситезаҷӯён сӯи Бағдод идома дорад.

Вазири умури хориҷии Арабистони Саъудӣ шоҳзода Саъуд ал-Файсал рӯзи чаҳоршанбе иҳзор намуд, ки Ироқ дар вартаи ҷанги шаҳрвандӣ бо паёмадҳои пешгӯинашаванда барои минтақа қарор дорад.
XS
SM
MD
LG