Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Номаи Асомиддин Атоев ба президент барои дастрас шудани Ютуб


Ассомиддин Атоев, раиси Анҷумани дастраскунандагони Интернети Тоҷикистон ба унвони президент Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 18-уми июн нома ирсол дошта хоҳиш кардааст, ки дар амри боз шудани Ютуб аз тарафи Хадамоти алоқа мусоидат кунад.

Ассомиддин Атоев, раиси Анҷумани дастраскунандагони Интернети Тоҷикистон имрӯз ба радиои Озодӣ гуфт, ки бо умеди ҳалли мушкилии қонуншиканиҳо аз ҷониби Хадамоти алоқа ба президенти Тоҷикистон нома ирсол доштааст.

Вай гуфт, ки ин нома бо масъулони фароҳамкунандагони интернетии Тоҷикистон машварат шуда бо ризогии онҳо ин нома ба унвони президент ирсол шудааст.
Ассомиддин Атоев мегӯяд, инак беш аз як ҳафтаи мешавад, ки Хадамоти алоқа Ютуб дар Тоҷикистонро масдуд кардааст, ки боиси норизогии хонанадагони ин шабакаи иҷтимоӣ шудааст.

Ҷаноби Атоев афзуд, ин амали Хадамоти алоқаи Тоҷикистон қонуншиканӣ мебошад ва бо ирсоли нома ба президент изҳори умедворӣ мекунад, ки ҳалли ин масъала имконпазир хоҳад шуд.

Дар Тоҷикистон як ҳафта боз дастрасӣ ба сомонаи Ютуб, Гугл ва Gmail масдуд шудааст ва то ҳол Хадамоти алоқа даст доштани худро дар амри масдуд кардани он рад мекунад.
XS
SM
MD
LG