Пайвандҳои дастрасӣ

Барканории сафири Тоҷикистон дар Қазоқистон ва таъини нафари дигар


Раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 18-уми июн бо судури фармоне Баҳром Холназаровро аз вазифаи сафири Тоҷикистон дар Қазоқистон барканор кард. Дафтари матбуоти раиси ҷумҳури Тоҷикистон сабаби аз вазифа гирифтани Холназаровро таъини ӯ ба кори дигар маънидод кардааст, аммо вазифаи нави Холназаров ҳоло гуфта нашудааст. Бо фармони дигар Эмомалӣ Раҳмон Назирмад Ализодаро сафири Тоҷикистон дар Қазоқистон таъин кард. Баҳром Холназаров, ки ҳоло аз вазифаи навтаъиншудааш гузориш дода нашудааст, яке аз наздикони хонаводаи раиси ҷумҳури Тоҷикистон дониста мешавад.
XS
SM
MD
LG