Пайвандҳои дастрасӣ

Сарвари Украина хостори барканории Дешитса аз мақом шуд


Петро Порошенко

Петро Порошенко

Раисиҷумҳури Украина Петро Порошенко ба Верховная Рада пешниҳод кард, ки вазири умури хориҷӣ Андрей Дешитса аз мақомаш барканор ва ба ҷойи ӯ Павел Климкин таъин шавад. Андрей Дешитса ҳафтаи гузашта ҳангоми тазоҳурот дар канори сафорати Русия дар Киев алайҳи раисиҷумҳури Русия Владимир Путин ҳарфҳои ҳақоратомез зад. Ба думболи ин Маскав эълом дошт, ки бо ин мансабдори ҳукумати Киев дигар ҳамкорӣ нахоҳад кард.

Петро Порошенко ҳамчунин пешниҳод намуд, ки раиси Бонки миллӣ Степан Кубива мақомашро тарк кунад. Раисиҷумҳур ба раҳбарии ин ниҳод номзадии раиси феълии Шӯрои мудирони гурӯҳи “"Инвест Капитал Украинa" Валерия Гонтареввро пешбарӣ кард.

Сарвари давлат ба мақоми Додситони кулли Украина Виталия Ярема, муовини аввали нахуствазирро, муносиб мехонад. Раҳбарии ин ниҳод алҳол бар дӯши Олег Махнитский мебошад.
XS
SM
MD
LG