Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Порошенко: Киев амалиёти низомӣ дар шарқро қатъ мекунад


Петро Порошенко, раисиҷумҳури Украина, рӯзи чаҳоршанбе, 18 июн, зимни суханронӣ дар Донишгоҳи миллии мудофиа ба номи Иван Черняховский изҳор намуд, ки ҳукумати Украина якҷониба амалиёти низомӣ дар шарқи кишварро қатъ мекунад. Ба гуфтаи ӯ, амр дар бораи оташбас – марҳалаи аввал барои ҳалли мусолиматомези бӯҳрон хоҳад шуд.

Раисиҷумҳур афзуд, ҷудоихоҳон бояд дар муддати кӯтоҳ силоҳ ба замин гузоранд ва дар посух ба ин афв шаванд, зархаридҳо имкони тарки Украинаро пайдо хоҳанд кард.

Петро Порошенко гуфт, бахши калидии тарҳи сулҳ тағйирот ба Қонуни асосии Украина аст, ки дар он мухторият ба вилоятҳо пешбинӣ шудааст.

Бар асари даргириҳои рӯзи сешанбе дар вилояти Луҳанск чаҳор сарбози баталёни “Айдар”, ки аз гурӯҳи худдифоъи Майдон таъсис шудааст, ба ҳалокат расиданд. Дабири Шӯрои амнияти миллии Украина Андрей Парубий рӯзи чаҳоршанбе, 18 июн дар саҳифааш дар Фейсбук навишт, ки боз панҷ аъзои ин гурӯҳ асир уфтодаанд.
XS
SM
MD
LG