Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Карзай эҳтимоли такрори ҳаводиси Ироқ дар Афғонистонро рад кард


Ҳомид Карзай, раисиҷумҳури Афғонистон, такрори ҳаводиси Ироқ дар кишвараш баъд аз хурӯҷи нерӯҳои байнулмилалӣ дар поёни соли равонро рад кард. Дар сӯҳбат бо хабарнигори Би-Би-Си дар Кобул ба посух дар ин маврид ӯ чун ин посух дод: “На, ҳеҷ гоҳ!”.

Дар ин мусоҳиба, ки рӯзи чаҳоршабе нашр шуд, раисиҷумҳури Афғонистон гуфт, ҷангиёни “Ал-Қоида” дигар дар кишвар ҳузур надоранд.

Дар Ироқ, ки охирин сарбозони амрикоӣ аз он ҷо моҳи декабри соли 2011 берун шуда буданд, гурӯҳи “Давлати исломии Ироқ ва Шом” – як шохаи созмони “Ал-Қоида” манотиқи асосан суннинишини Ироқро таҳти назорат гирифта, сӯи Бағдод ҳаракат мекунад.

Қарор аст, ки Ҳомид Карзай моҳи август мақоми худро тарк намояд. Ӯ аз соли 2001 раҳбарии Афғонистонро бар дӯш дорад.
XS
SM
MD
LG