Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати чаҳор сарбози баталёни "Айдар" дар Луҳанск


Сарбозони баталёни "Айдар"
Сарбозони баталёни "Айдар"
Бар асари даргириҳои рӯзи сешанбе дар вилояти Луҳанск чаҳор сарбози баталёни “Айдар”, ки аз гурӯҳи худдифоъи Майдон таъсис шудааст, ба ҳалокат расиданд. Дабири Шӯрои амнияти миллии Украина Андрей Парубий рӯзи чаҳоршанбе дар саҳифааш дар Фейсбук навишт, ки боз панҷ аъзои ин гурӯҳ асир уфтодаанд.

Аз ин пеш Ирина Герашенко бо амри раисиҷумҳури Украина фиристодаи вижа дар шарқу ҷануб таъин ва барои мусоидат дар қатъи низоъ муваззаф шуд. Аммо мақомоти ҳукумати худхондаи Ҷумҳурии халқии Луҳанск рӯзи чаҳоршанбе изҳор намуданд, ки бидуни миёнҷигарҳо аз Русия бо хонум Герашенко музокирот нахоҳанд кард.

Рӯзи сешанбе дар канори Луҳанск аз тири миномёт ду корманди ВГТРК - ширкати давлатии телевизион ва радиои Русия - хабарнигор Игор Корнелюк ва садобардор Антон Волошин ба ҳалокат расиданд. Созмони Милали Муттаҳид ва Созмони амняит ва ҳамкорӣ дар Аврупо хостори тафтиши ин қазия шуданд.

Қарор аст, ки рӯзи чаҳоршанбе ҷасадҳои онҳо ба пайвандонашон супурда шавад.
XS
SM
MD
LG