Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Омодагии Бритониё барои эҳёи фаъолияти сафораташ дар Эрон


Бинои сафорати Бритониё дар Теҳрон
Бинои сафорати Бритониё дар Теҳрон
Бритониё ба эҳёи фаъолияти сафораташ дар Теҳрон омодагӣ мегирад. Дар ин бора Би-Би-Си бо такя ба вазорати умури хориҷии Бритониё хабар додааст. Қарор аст, ки рӯзи сешанбе, 17 июн, вазири умури хориҷии кишвар Вилям Ҳейг дар нишасти парлумон дар бораи аз сар гирифтани кори сафорат изҳорот нашр кунад.

Аз ин пеш ӯ гуфта буд, ки рӯзи душанбе бо ҳамтои эронияш дар бораи эътидоли робитаҳо миёни Бритониё ва Эрон дар пасманзари ҳаводиси Ироқ ва идомаи ишғоли як бахши қаларави ин кишвар аз сӯи гурӯҳи суннии “Давлати исломии Ироқ ва Шом” музокирот анҷом дод.

Эрон, ки аксари мардумаш шиамазҳабанд, чун кишварҳои Ғарб аз ҳукумати нахуствазири Ироқ Нурӣ ал-Моликӣ ҳимоят мекунанд. Дар ҳукумати Ироқ ҳама мақомҳои калидӣ дар дасти шиаҳоянд ва Бағдод солҳои ахир ба саркӯбсозии сунниҳо пардохтааст.

Ҷон Керрӣ, вазири умури хориҷии ИМА рӯзи душанбе гуфт, ки Вошингтон барои музокирот бо Эрон оид ба авзоъ дар Ироқ омода аст ва имкони ҳамкорӣ бо ин кишвар дар мубориза бо гурӯҳҳои исломгароро баъид намедонад.

Сафорати Бритониё дар Теҳрон соли 2011 баъд аз ҳамлаи донишҷӯёни эронӣ ба нишони эътироз алайҳи таҳримҳои Бритониё болои Эрон баста шуд. Моҳи ноябри соли гузашта Лондон ваколатдори муваққати корҳои Бритониё дар Эронро таъин кард, аммо ӯ то ҳол вориди қаламрави Эрон нашудааст.
XS
SM
MD
LG