Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Бразилия эътирозҳо алайҳи Ҷоми ҷаҳон идома доранд


Дар шаҳри Куритиби Бразилия шоми душанбе беш аз 200 нафар дар як намоиши эътирозӣ алайҳи баргузории бозиҳои Ҷоми ҷаҳон оид ба футбол дар кишвар ши ркат карданд. Қабл аз бозии миёни дастаҳои Эрон ва Нигерия онҳо роҳҳоро баста, ахлотпораҳоро оташ заданд ва садди роҳи ҳаракати автобусҳо бо мухлисони футбол шуданд. Дар маркази шаҳр афроди ниқобпӯш шишаҳои бонку мағозаҳоро шикастанд. Дар посух полиси Бразилия маҷбур шуд, ки аз тирҳои резинӣ ва гази ашковар истифода барад. Дасти кам 14 нафар боздошт шуданд.

Дар шаҳри Натал қабл аз бозии дастаҳои ИМА ва Гана мухлисон парчами Амрикоро оташ заданд. Полис аз бархӯрд миёни мухолисон ҷилавгирӣ кард.

Рӯзи душанбе дар чаҳорчӯби Ҷоми ҷаҳон оид ба футбол се бозӣ баргузор шуд. Дастаи Олмон тими Португалияро бо ҳисоби 4 бар 0 шикаст дод. Бозии дастаҳои Эрону Нигерия мусовӣ – 0:0 анҷом ёфт. Футболбозони амрикоӣ бо ҳисоби 2 бар 1 аз болои дастаи Гана пирӯз шуданд.
XS
SM
MD
LG