Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Обама: ИМА ба Ироқ 275 афсару сарбоз мефиристад


Барак Обама, раисиҷумҳури ИМА, рӯзи душанбе Конгрессро дар бораи нияти ба Ироқ фиристодани 275 низомии амрикоӣ расман дар ҷараён гузошт. Ба иттилои Кохи Сафед, ин низомиён амнияти дипломатҳо ва дигар кормандони дафтарҳои ниҳодҳои амрикоиро, ки дар Ироқ мустақаранд, таъмин хоҳанд кард. Онҳо дар сурати зарурӣ дар набардҳо низ ширкат мекунанд. Низомиёни амрикоӣ то эътидоли авзоъ дар Ироқ боқӣ хоҳанд монд.

Ба иттилои хабаргузориии Associated Press, айни ҳол дар Ироқ 160 низомии амрикоӣ мустақаранд. Аз ин пеш ИМА имкони ба Ироқ интиқол додани гурӯҳи на он қадар бузурги низомиёни нерӯҳои сареъро баррасӣ мекард. Ҳадафи ин гурӯҳ – кӯмак ба нерӯҳои ироқӣ дар мубориза бо ситезаҷӯёни гурӯҳи “Давлати исломии Ироқ ва Шом” арзёбӣ мешуд.

Ҷон Керрӣ, рӯзи душанбе гуфт, ки ИМА барои музокирот бо Эрон оид ба авзоъ дар Ироқ омода аст ва имкони ҳамкорӣ бо ин кишвар дар мубориза бо гурӯҳҳои исломгароро баъид намедонад. Ба гуфтаи ӯ, гурӯҳи “Давлати исломии Ироқ ва шом” на фақат ба амнияти Ироқу ҳамсояҳояш, балки ба амнияти ИМА ҳам таҳдид мекунад. Ҷон Керрӣ афзуд, ки Амрико шояд аз зарбаҳо ба мавқеъҳои ситезаҷӯён тавассути ҳавопаймоҳои бидуни сарнишин кор бигирад.

Аз ин пеш Кохи Сафед эълом дошт, ки Амрико нерӯҳояшро дубора ба Ироқ фиристоданӣ нест.

“Давлати исломии Ироқ ва Шом” рӯзи душанбе дар бораи ишғоли боз як шаҳри воқеъ дар шимоли Ироқ – Тал Афар хабар дод. Рӯзҳои ахир ин гурӯҳ бахши аъзами қаламрави шимоли Ироқ, аз ҷумла, шаҳрҳои Мавсил ва Тикритро таҳти назорат қарор дод.
XS
SM
MD
LG