Пайвандҳои дастрасӣ

Дилшод Назаров, гурзандози машҳури тоҷик, дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҷумҳурии Чех медали нуқра ба даст овард.

Дилшод Назаров дар мусобиқаи пурнуфуз бо номи «Ostrava Golden Spike», ки дар шаҳри Остраваи Ҷумҳурии Чех баргузор шуд, гурзро ба дурии 80 метру 62 сантиметр ҳаво дода, мақоми дувумро касб кард. Кристиан Парс, аз Маҷористон, бо натиҷаи 81 метру 57 сантиметр ғолиби ин сабқат шуд. Павел Файдек, қаҳрамони ҷаҳон дар соли 2013 аз Лаҳистон, бо натиҷаи 79 метру 65 сантиметр ҷойи севумро гирифт.

Дар ин бора ба Радиои Озодӣ Евгений Шумарин, дабири кулли Федератсияи варзиши сабуки Тоҷикистон, имрӯз, 17-уми июн, хабар дод. Вай афзуд, «ин мусобиқа барои Дилшод Назаров дар мавсими имсола севумин буд. Ёдовар мешавем, ки чанд рӯз пеш ӯ дар мусобиқаи байналмилалии варзиши сабук “Даъвати Маскав” дар сабқати гурзандозӣ бо натиҷаи 79 метру 20 сантиметр ғолиб шуда буд. Дилшод моҳи май дар мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гурзандозӣ дар Олмон бо натиҷаи 79 метру 58 сантиметр мақоми дувумро касб карда, бо медали нуқра сарфароз шудааст.”

Дилшод Назаров дар суҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, “барои ман имсол ду мусобиқаи бузургтарин – яке Ҷоми ҷаҳонии варзиши сабук аст, ки моҳи сентябр доир мешавад ва дигаре Бозиҳои XVII осиёист, ки аз 19-уми сентябр то 4-уми октябр дар шаҳри Инчони Кореяи Ҷанубӣ барпо мегардад.”

Дилшод Назарови 32-сола аз хушномтарин ситораҳои варзиши тоҷик ба шумор меравад ва шарафи Тоҷикистонро дар се Олимпиадаи ахири тобистона - соли 2004 дар Афина, соли 2008 дар Пекин ва соли 2012 дар Лондон - ҳимоят кардааст. Рекорди инфиродиаш дар гурзандозӣ 80 метру 71 сантиметр мебошад.

Бояд гуфт, ки Дилшод Назаров авоили моҳи январи соли равон муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон таъин шудааст. Вай, инчунин, раиси Федератсияи варзиши сабуки Тоҷикистон мебошад.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG