Пайвандҳои дастрасӣ

Президент: "Cохтмони қаcру хонаҳои боҳашамат бас карда шавад»


Раиси ҷумҳури Тоҷикистон бо нигаронӣ гуфтааст, ки бунёди қасру хонаҳои боҳашамат қатъ ва ба рушди сармоя ва таъсиси ҷойҳои корӣ таваҷҷӯҳ карда шавад. Дафтари матуботи президенти Тоҷикистон мегӯяд, дар ҷаласаи ҳукумати Тоҷикистон, ки шоми рӯзи 17 июн баргузор шуд, Эмомалӣ Раҳмон бо нигаронӣ гуфтааст, ки ки бунёди қасру хонаҳои боҳашаматро қатъ намуда, бештар барои рушди сармояи истеҳсолӣ, воридоти технологияи навтарин ва дар ин замина ташкил кардани ҷойҳои нави корӣ чораҷӯӣ намоянд. Дар ин нишаст, ки натиҷаҳои рушди иқтисодиву иқтисодии кишвар дар панҷ моҳи ахир баррасӣ мешуд, оқои Раҳмон гуфтааст, ки сохторҳои давлатӣ ва соҳибкорону дигар шаҳрвандон бояд сармоягузорӣ ба соҳаҳои ғайриистеҳсолӣ, аз ҷумла бунёди қасру хонаҳои боҳашаматро қатъ намуда, бештар барои ташаккули сармояи истеҳсолӣ, ва эҷоди ҷойҳои нави корӣ талош намоянд.
XS
SM
MD
LG