Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Чин 13 нафар бо айби "терроризм" эъдом шуданд


Дар Чин рӯзи душанбе 13 нафар бо иттиҳоми терроризм ва зӯроварӣ дар вилояти Шинҷон-Уйғур, воқеъ дар шимолу ғарби кишвар, эъдом шуданд. Ба навиштаи хабаргузории Синхуа, ҳамаи онҳо дар даст доштан дар ҳафт ҷиноят айбдор шуда буданд.

Дар ҳамин ҳол рӯзи 16 июн додгоҳи шаҳри Урумчӣ се нафарро бо иттиҳоми “терроризм” ба эъдом маҳкум кард. Чаҳор тани дигар бо ҳамин иттиҳом ба мӯҳлати 20-солӣ равонаи маҳбас шуданд. Ин афрод дар бомбгузории як мошин дар майдони Тянанмени Пекин дар моҳи октябри соли гузашта, ки бар асари он панҷ нафар ба ҳалокат расиданд, айбдор шуданд. Мақомоти Чин масъулияти ҳамларо, ки дар он даҳҳо каси дигар маҷрӯҳ шуданд, бар дӯши ҷудоихоҳони уйғур вогузоштанд.

Уйғурҳои муқими Чин, ки дар ғарби кишвар ба сар мебаранд, аз сиёсати ҳукумати Пекин ва пайваста поймол шудани ҳуқуқҳояшон норозиянд.
XS
SM
MD
LG