Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Керрӣ: ИМА ба музокирот бо Эрон оид ба вазъи Ироқ омода аст


ИМА барои музокирот бо Эрон оид ба авзоъ дар Ироқ омода аст ва имкони ҳамкорӣ бо ин кишвар дар мубориза бо гурӯҳҳои исломгароро баъид намедонад.

Дар ин бора Ҷон Керрӣ, вазири умури хориҷии Амрико, рӯзи душанбе, 16 июн, изҳорот нашр кард. Ба гуфтаи ӯ, гурӯҳи “Давлати исломии Ироқ ва шом” на фақат ба амнияти Ироқу ҳамсояҳояш, балки ба амнияти ИМА ҳам таҳдид мекунад. Ҷон Керрӣ афзуд, ки Амрико шояд аз зарбаҳо ба мавқеъҳои ситезаҷӯён тавассути ҳавопаймоҳои бидуни сарнишин кор бигирад. Аз ин пеш Кохи Сафед эълом дошт, ки Амрико нерӯҳояшро дубора ба Ироқ фиристоданӣ нест.

Вазири умури хориҷии Амрико гуфт, ки нерӯҳои ҳукуматии Ироқ дар марзҳои Бағдод мустақаранд ва ишғоли пойтахт аз сӯи “Давлати исломии Ироқ ва Шом” номумкин аст.

Дар ҳамин ҳол “Давлати исломии Ироқ ва Шом” рӯзи душанбе дар бораи ишғоли боз як шаҳри воқеъ дар шимоли Ироқ хабар дод. Сокинон ва мансабдорони шаҳри Тал Афар, воқеъ дар 420-килотметрии шимолу ғарби Бағдод, ба хабаргузориҳо гуфтанд, ки ин шаҳр субҳ баъд аз даргирии шадид ба дасти ситезаҷӯён гузашт.

Рӯзҳои ахир “Давлати исломии Ироқ ва Шом” бахши аъзами қаламрави шимоли Ироқ, аз ҷумла, шаҳрҳои Мавсил ва Тикритро таҳти назорат қарор дод ва айни ҳол сӯи Бағдод ҳаракат мекунад.
XS
SM
MD
LG