Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ДИИШ боз як шаҳри шимолии Ироқро забт кард


Гурӯҳи “Давлати исломии Ироқ ва Шом” (ДИИШ) рӯзи душанбе дар блраи ишғоли боз як шаҳри воқеъ дар шимоли Ироқ хабар дод. Сокинон ва мансабдорони шаҳри Тал Афар, воқеъ дар 420-килотметрии шимолу ғарби Бағдод, ба хабаргузориҳо гуфтанд, ки ин шаҳр субҳ баъд аз даргирии шадид ба дасти ситезаҷӯён гузашт.

Рӯзҳои ахир ДИИШ бахши аъзами қаламрави шимоли Ироқ, аз ҷумла, шаҳрҳои Мавсил ва Тикритро таҳти назорат қарор дод ва айни ҳол сӯи Бағдод ҳаракат мекунад.

“Давлати исломии Ироқ ва Шом” рӯзи душанбе ҳамчунин тайид кард, ки дар Тикрит 1700 тан аз сарбозони навхати артиши Ироқро эъдом кардааст. Аксҳо ва навори видеоӣ дар бораи ин куштор дар интернет нашр шуданд.

Дар ҳамин ҳол ИМА имкони тамоси мустақим бо Эрон дар робита ба нооромтар шудани авзоъ дар Ироқ ва аз сӯи “Давлати исломии Ироқ ва Шом” забт шудани чанд шаҳр дар шимоли кишварро баъид намедонад. Дар ин бора рӯзи душанбе, 16 июн, як намояндаи Кохи Сафед бидуни ифшои ному насабаш хабар дод.

Эрон аз ҳукумати нахуствазири Ироқ Нурӣ ал-Моликӣ, ки дар он дар ҳама мақомҳои калидӣ шиаҳо таъин шудаанд, пуштибонӣ мекунад. Аз ин пеш Вошингтон эълом дошт, ки роҳҳои гуногуни имдод ба ҳукумати Бағдод дар мубориза бо ДИИШ-ро баррасӣ мекунад, аммо нерӯҳои худро дубора ба Ироқ намефиристад.

Раисиҷумҳури Эрон Ҳасани Рӯҳонӣ ҳам рӯзи шанбе изҳор карда буд, ки Теҳрон барои амалҳои муштарак бо ИМА ба хотири таъмини амният дар Ироқ омода аст. Дар нишасти хабарӣ дар Теҳрон ӯ гуфт, “мо бояд бо гурӯҳҳои террористӣ амалан муқовимат кунем”.
XS
SM
MD
LG