Пайвандҳои дастрасӣ

Ишғоли боз ду бинои шаҳри Донетск аз сӯи ҷудоихоҳон


Ҷудоихоҳони мусаллаҳи Ҷумҳурии халқии Донетск рӯзи душанбе, 16 июн, биноҳои раёсати Бонки милли Украина ва сарраёсати Вазорати андозу даромад дар шаҳри Донетскро ишғол карданд. Волии вилояти Донетск Сергей Тарута изҳор намуд, ки ин амалҳо паёмадҳои номатлуб хоҳанд дошт, зеро пардохти нафақа ва маоши кормандони соҳаҳои буҷавӣ қатъ мешавад.

Айни ҳол як бахш аз қаламрави вилоятҳои Донетск ва Луҳанск таҳти назорати ҷудоихоҳон қарор дорад. Ба навиштаи хабаргузориҳо, рӯзи душанбе дар канораҳои шимолии Луҳанск даргириҳо миёни низомиёни украинӣ ва ҷудоихоҳони мусаллаҳ идома доштанд.

Рӯзи душанбе дар шаҳри Днепропетровск ду хабарнигори боздоштшудаи шабакаи телевизионии “Звезда”-и Русия озод карда шуданд. Алайҳи онҳо ягон иттиҳом эълон нашудааст.
XS
SM
MD
LG