Пайвандҳои дастрасӣ

Михаэл Шумахер аз ҳоли беҳушӣ раҳо шуд


Лижаронӣ аз шуғлҳои дӯстдоштаи Шумахер буд

Лижаронӣ аз шуғлҳои дӯстдоштаи Шумахер буд

Михаэл Шумахер, қаҳрамони чандинкаратаи ҷаҳон дар сабқатҳои мошинронии “Формула-1” аз кома ё ҳолати беҳушӣ берун шуд ва бемористони шаҳри фаронсавии Греноблро тарк намуд.

Дар ин бора як намояндаи Шумахер ба расонаҳо иттилоъ дод ва аммо аз тавзеҳоти бештар дар бораи вазъи сиҳати ӯ ва ба кадом бемористон интиқол ёфтанаш худдорӣ кард. Намояндаи расмии Шумахер фақат гуфт, ки раванди эҳёи қаҳрамони ҷаҳон тулонӣ хоҳад буд.

Ёдовар мешавем, ки Михаэл Шумахер 29 декабри соли гузашта ҳангоми лижаронӣ ба замин уфтод ва сараш ба санг зад. Аз ҳамон рӯз ӯ дар бемористони шаҳри Гренобл дар ҳоли беҳушӣ қарор дошт.
XS
SM
MD
LG