Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Артиши Покистон ҳамла ба мавқеъҳои ҲИУ-ро идома медиҳад


Ҳамла ба фурудгоҳи Карочӣ

Ҳамла ба фурудгоҳи Карочӣ

Нерӯҳои ҳукуматии Покистон рӯзи душанбе ҳамла ба мавқеъҳои гурӯҳҳои ситезаҷӯ дар шимолу ғарби кишварро идома доданд. Амалиёти низомӣ дар вилояти Вазиристони Шимолӣ бо истифода аз ҳавопаймоҳои ҷангӣ ва тӯпхона рӯзи якшанбе дар вокуниш ба ҳамлаи ҷангиёни Ҳаракати исломии Узбакистон (ҲИУ) ба фурудгоҳи шаҳри Карочӣ шурӯъ шуд. Рӯзи 15 июн ҳашт пойгоҳи ин гурҳӯ мавриди зарбаи ҳавоӣ қарор гирифт. Ба гуфтаи низомиёни покистонӣ, дар ин зарбаҳо беш аз 100 ситазаҷӯ, аз ҷумла, Абу Абдулраҳмон Ал Маонӣ, раҳбари гурӯҳе, ки ба фурудгоҳ ҳамла карда буд, кушта шуданд.

Ҳамла ба фурудгоҳ рӯзи 8 июн сурат гирифт. Шӯришиён тайи 4-5 соат фурудгоҳи Карочиро таҳти назорат қарор дода буданд. Бар асари ин ҳамла ва бархӯрди нерӯҳои амниятии Покистон бо ситезаҷӯён 38 нафар, аз ҷумла, ҳамлаи ҳамлагарон кушта шуда буданд. Раҳбарони ҲИУ масъулияти ин ҳамларо дар дӯш гирифтанд.

Ба иттилои Радиои Машъал, баъд аз шурӯи амалиёти низомӣ беш аз 50 ҳазор аз сокинони минтақа манзилҳои худро тарк намуданд. Барои паноҳандагон дар вилояти Хусти Афғонистони ҳамсоя қароргоҳи муваққат бунёд шудааст.
XS
SM
MD
LG