Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пурсиши Зайд Саидов идома дорад


Муфаттишони Оҷонсии мубориза бо фасод ба пурсишҳои худ аз соҳибкори зиндонии тоҷик Зайд Саидов давом медиҳанд. Муфаттиши оҷонсӣ аз Зайд Саидов 30 суол карда, ки бештари онҳо на ба парванда (сирқати маблағҳои будҷа барои сохтмони иншооти “Душанбе-Плаза”), балки ба фаъолияти соҳибкори укроинӣ Фирташ ва ширкатҳои наздикони Саидов тааллуқ доштанд. Шӯҳрат Қудратов, вакили мудофеи Зайд Саидов рӯзи 16 июн ба радиои "Озодӣ" гуфт, ки муфаттиши Оҷонсии мубориза бо фасод Баротбой Расулов дар ҳафтаи гузашта тайи чанд рӯз зерҳимояашро мавриди пурсиш қарор дод, ки аксари суолҳо ба соҳибкори укроини Фирташ ва ба корхонаҳои наздикони Саидов таалуқ доштанд.

Ҷаноби Қудратов афзуд, дар ҷараёни пурсиш шахсан ҳузур дошт ва муфаттиш мебоист аз Саидов Зайдов ҳамчун роҳбари ғайрирасмии ҶДММ “Тоҷсохтмон-байналмилал” барои сирқати маблағҳои будҷа оид ба сохтмони иншооти “Душанбе-Плаза” суол мекард, вале пурсишҳо ба ин масъала тақрибан тааллуқ надоштанд.

Оҷонсии Зидди корупсия дар моҳи май алайҳи Саидов Зайдовро, ки ҳамчун “роҳбари ғайрирасмии” ҶДММ “Тоҷсохтмон-байналмилал” муаррифӣ шуда, ба сирқати маблағҳои будҷа барои сохтмони иншооти “Душанбе-Плаза” муттаҳам дониста, таштишот оғоз карда буд.

Зайд Саидов рӯзи 22-уми апрел дар рӯзи аввали баррасии шикояти ӯву вакилонаш 26 сол ҳукми зиндонашро ноодилона хонда, низ хостори бознигарии ин ҳукми Додгоҳи олӣ шуда буд. Зайд Саидов гуфтааст, ӯро бидуни ягон далели қотеъ маҳкум кардаанд. Қаблан ҳам Зайд Саидов боздошти ҳукми сангинашро сиёсӣ хонда гуфта буд, ба давлату миллат хиёнате накардааст.
XS
SM
MD
LG