Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳалокати 34 нафар дар ҳамлае ба як шаҳри Кения


Бар асари ҳамлаи афроди мусаллаҳи ношинос ба шаҳри соҳилии Млекетонии Кения дасти кам 34 нафар ба ҳалокат расиданд. Ба гуфтаи табибон, даҳҳо каси дигар бо ҷароҳатҳои гуногун ба бемористон интиқол ёфтанд.

Мақомоти маҳаллӣ хабар доданд, ки теъдоди ҳамлагарон тақрибан 20 нафар буд. Онҳо идораи полис, бонк ва ду меҳмонсароро ҳадафи ҳамла қарор доданд.

Масъулияти ҳамларо ҳанӯз ягон гурӯҳ бар дӯш нагирифтааст. Аз ин пеш ин гуна ҳамлаҳо ба муассисаҳои сайёҳии Кения аз сӯи гурӯҳи исломии мустақар дар кишвари ҳамсояи Сомалӣ – “Аш-Шабоб” доир мешуд. Ин гурӯҳ мегуфт, ки ҳамлаҳо – вокуниш ба ширкати низомиёни Кения дар амалиёт алайҳи гурӯҳҳои исломӣ дар ҷануби Сомалӣ мебошад.
XS
SM
MD
LG