Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Расул Боқиев вазнашро дар мусобиқот тағйир медиҳад


Расул Боқиев, варзишгари маъруфи тоҷик зимни баргузории як мастер–класс барои варзишгарон дар шаҳри Душанбе гуфт, ки вазни худро тағйир дода акнун аз 73 килои қаблӣ дар мусобиқаҳо дар вазни 81 кило вазни худро месанҷад.

Дар мастер-клаcсе, ки Расул Боқиев шоми 15-уми июн дар толори варзишии “Тоҷ Файтер”-и шаҳри Душанбе баргузор кард, гуфт, ҳунару таҷрибаи худро ба варзишгарони тоҷик меомӯзонад. Дар ин мастер-класс варзишгарони шаҳри Душанбе, Ҳисор ва Рӯдакӣ иштирок доштанд.

Ин ҷаҳонпаҳлавони тоҷик гуфт, ҳоло дар шаҳри Маскав зери мураббӣ Павел Владимиров дар клуби «Самбо-70»-и ин шаҳр барои мусобиқаҳои олии ҷаҳонӣ омодагӣ дорад. Расул Боқиев дар мавриди дастгирияш аз ҷониби Тоҷикистон гуфт, ҳоло Кумитаи ҷавонон варзиш ва сайёҳӣ, Кумитаи олимпӣ ва корхонаҳои ТАЛКО ӯро дастгирӣ мекунанд.

Расул Боқиев, варзишгари тоҷик дорандаи медали Бозиҳои олимпии соли 2008 ва қаҳрамони риштаи варзиши дзюдо дар минтақа ва ҷаҳон аст.
XS
SM
MD
LG