Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳайати мутахассисони рус ба "Окно" рафт


Як ҳайати мутахассисони вазорати дифои Русия барои тақвияти тавонмандии пойгоҳи назоратии кайҳонии "Окно" воқеъ дар Норак ба Тоҷикистон омадааст.
Як манбаи наздик ба вазорати дифоъи Тоҷикистон имрӯз бо тасқиқи ин хабар ба радиои "Озодӣ" гуфт, ки гурӯҳи коршиносони вазорати дифои Русия рӯзи ҷумъаи ҳафтаи гузашта ба Душанбе омад ва аз инҷо ба Норак рафт. Ҳадафи аслии ҳайати мутахассисони вазорати дифои Русия ҳамаҷониба санҷидани имконоти пойгоҳи назоратии "Окно" буда ва дар зимн роҳҳои тақвияти онро мавриди омӯзиш қарор хоҳанд дод. Ин манбаъ гуфт, агар пойгоҳи мазкур ҳаракати киштиҳои кайҳонӣ ва ҳаргуна ҷирмҳои осмониро дар баландии то 40 ҳазор километр назорат бурда тавонад, акнун тибқи барномае, ки рӯи даст гирифта шудааст, тавоноии онро то ба 120 ҳазор километр баробар хоҳанд кард. Пойгоҳи назоратии "Окно", ки дар навъи худ дар ҷаҳон баъд аз пойгоҳи кайҳонии "Навстар"-и Амрико қарор дорад, дар ноҳияи Норак 50 километрии шарқи пойтахти Тоҷикистон воқеъ аст.

Пойгоҳи назорати кайҳонии Русия дар соли 1979 дар замони Шуравӣ дар Норак сохта шуда буд ва ҳоло моли низомии Русия буда, ба вазорати дифоъи ин кишвар таалуқ дорад. Низомиёни Русия аз ин пойгоҳ ҳаракати киштиҳои кайҳонӣ ва ҳаргуна ҷирмҳои осмониро дар баландии то 40 ҳазор километр назорат мебаранд. Як қисми дигари телескопҳои пойгоҳ барои назорати ҳарими ҳавоии кишварҳои Осиёи Марказӣ, Русия истифода мешавад.
XS
SM
MD
LG