Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафари расмии Шукурҷон Зуҳуров ба Русия


Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон бо сафари расмӣ ба шаҳри Маскави Русия сафар мекунад. Муҳаммадато Султонов, сухангӯи порлумони Тоҷикистон зимни тасдиқи ин хабар ба Радиои Озодӣ гуфт, ки Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон бо даъвати Сергей Наришкин, раиси Думаи давлатии Русия фардо 17-уми июн ба шаҳри Маскав меравад. Ба гуфтаи ҷаноби Султонов, сафари ҳайати порлумонии Тоҷикистон дар шаҳри Маскави Русия муддати се рӯз, аз 17 то 19 июн идома пайдо мекунад. Қарор аст, Шукурҷон Зуҳуров, дар ҷарёани ин сафар бо Валентина Матвиенко, раиси Шӯрои Федератсия, Сергей Наришкин, раиси Думаи давлатӣ ва Константин Ромадоновский, раиси Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия дидору гуфтугуҳо анҷом диҳад.

Ҳамчунин ба гуфтаи Муҳаммадато Султонов, раиси Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон дар назди коллективи омӯзгорон ва донишҷӯёни Донишкадаи давлатии заминсозии шаҳри Маскав суханронӣ хоҳад кард. Ин ҳам дар ҳоле, ки Шукурҷон Зуҳуров, хатмкунандаи Донишкадаи давлатии заминсозии шаҳри Маскави Русия мебошад. Сафари расмии Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси Намояндгони Тоҷикистон ба Маскави Русия дар ҳолест, ки моҳи октябри соли гузашта Сергей Наришкин, раиси думаи давлатии Русия ба Тоҷикистон сафар карда буд.

Албатта сафари Сергей Наришкин ба Тоҷикистон қабл аз интихоботи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон дар 6 ноябр сурат гирифта буд ва ҳатто раиси думаи давлатии Русия пас аз дидор бо Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон гуфт, ки "мо ба интихоботи Тоҷикистон дахолат намекунем."

Аммо ҷаноби Наришкин дар мулоқот бо ҳамтои тоҷикаш - Шукурҷон Зуҳуров Тоҷикистонро ба Иттиҳоди АвроОсиё даъват кард. Ҳамакунун сафари Шукурҷон Зуҳуров бо даъвати расмии Сергей Наришкин, раиси Думаи давлатии Русия дар ҳоле иттифоқ меафтад, ки талошҳо барои таъсиси Иттиҳоди иқтисодии АвроОсиё ҷарёан дорад ва созишномаи таъсиси ин созмон охири моҳи май дар Остона бо ширкати Русия, Белорус ва Қазоқистон ба имзо расид.
XS
SM
MD
LG