Пайвандҳои дастрасӣ

Дархости Гузоришгарони Бидуни Марз аз Хадамоти Алоқаи Тоҷикистон


Бег Зуҳуров

Бег Зуҳуров

Созмони Гузоришгарони Бидуни Марз-марказаш дар Пориси Фаронса аз мақомоти зидахли Тоҷикистон хостааст, ки дар бораи маҳдуд шудани дастрасӣ ба хадамоти шабакаи Гугл ва Ютюб дар Тоҷикистон тавзеҳот диҳанд. Ҷоҳан Бир-раиси бахши Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказии ин созмон гуфтааст:

“ Мо аз Бег Сабур-раиси Хадамоти Алоқаи Тоҷикистон тақозо мекунем, ки ба таври фаврӣ дар ин бора тавзеҳот диҳад ва мо аз онҳо мехоҳем, ки барои барқарор кардани дастрасии бидуни таъхир корҳои заруриро анҷом диҳанд. Ҳукумат бояд аз фишор ба фароҳамкунандагони хадамоти интернетӣ худдорӣ кунад”

Вале то ҳол Хадамоти Алоқаи Тоҷикистон ва ё ниҳодҳои дигари зидахл ба ин дархости Гузоришгарони Бидуни Марз посух надодаанд.
XS
SM
MD
LG