Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Гурҷистон интихоботи маҳаллӣ баргузор шуд


Дар Гурҷистон интихобот ба ниҳодҳои маҳаллии ҳукумат баргузор шуд. Эка Аразашвилӣ-сухангӯи Кумитаи Марказии Интихоботии Гурҷистон гуфт, ки то нисфирӯзӣ тақрибан 17 дарсади райдиҳандагон дар интихобот ширкат ҷустаанд.

Георгий Маргвелашвилӣ-раиси ҷумҳури ин кишвар аз шаҳрвандони воҷиди шароити рай хост, ки дар райдиҳӣ ширкати фаъол дошта бошанд. Ба гуфтаи вай, ширкати мардум дар интихобот пирузии демократия дар кишвар мебошад.

Дар ин интихобот 12 шаҳрдор ва 59 раиси ноҳия интихобро хоҳанд кард. Барои ширкат дар интихобот 20 ҳизби сисёсӣ сабти ном шудаанд. Муборизаи аслӣ байни ҳизбҳои ҳокими эътилофи «Орзӯи Гурҷистон» ва ҳизби «Ҷунбиши ягонаи миллӣ»-и Михаил Саакашвилӣ-раиси ҷумҳури пешин сурат хоҳад гирифт.
XS
SM
MD
LG