Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия ва Украина барои оғози музокира ба тавофуқ расиданд


Мақомоти Украина мегӯянд, ки музокироти сеҷонибаи Русия, Украина ва Иттиҳодияи Аврупо дар Киев аз сар гирифта мешавад. Пештар Русия таҳдид карда буд, ки дигар ба сари мизи музокира барнамегардад ва то 16 июн зарбулаҷали пардохти як миллиарду 950 миллион доллар қарзи Украина барои газро тақозо карда буд.

Русия гуфт, агар то 16 июн Украиана қарзи худро пардохт накунад, интиқоли газ ба Украинаро қатъ хоҳад кард. Ва агар Русия интиқоли газ ба Украинаро қатъ кунад, интиқоли газ ба Аврупо тавассути Украина низ қатъ мешавад. Ба ин далел дар музокирот аз ҷониби Иттиҳодияи Аврупо Гиюнтер Оетингер-кумиссари энержии Аврупо низ ширкат хоҳад дошт.

Украина пешниҳод кардааст, ки барои ҳар ҳазор метри муккааб газ 326 доллар пардохт мекунад. Вале Русия пофишорӣ дорад, ки Украина бояд 385 доллар пардохт кунад.
XS
SM
MD
LG