Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Музокироти газ бо Русия бенатиҷа анҷом ёфт


Сергей Куприянов-сухангӯи Газпроми Русия мегӯяд, ки музокирот роҷеъ ба мубоҳисоти газ бо Украина субҳи 15 июн бидуни тавофуқот ба поён расидааст. Куприянов гуфтааст, ки санаи нав барои идомаи гуфтугӯҳо таъйин нашудааст.

Пештар аз ин изҳорот Юрий Продан-вазири энержии Украина гуфт, ки 15 июн музокирот идома меёбад, то мубоҳисот роҷеъ ба таъйини нархи газ ҳал шавад.

Маскав таҳдид кардааст, ки агар Киев то 16 июн қарзи худ, яъне 1 миллиарду 950 миллион долларро пардохт накунад, интиқоли газро қатъ хоҳад кард.

Агар Русия интиқоли газ ба Украинаро қатъ кунад, интиқоли газ ба Аврупо тавассути Украина низ қатъ мешавад. Ба ин далел дар музокирот аз ҷониби Иттиҳодияи Аврупо Гиюнтер Оетингер-кумисаари энержии Аврупо низ ширкат дошт.

Украина пешниҳод кардааст, ки барои ҳар ҳазор метри муккааб газ 326 доллар пардохт мекунад. Вале Русия пофишорӣ дорад, ки Украина бояд 385 доллар пардохт кунад.
XS
SM
MD
LG