Пайвандҳои дастрасӣ

Раҳбари ҳамла ба фурудгоҳи Карочӣ кушта шуд


Мақомоти амниятии Покистон мегӯянд, ки ҳавопаймоҳои низомии ин кишвар субҳи 15 июн паноҳгоҳҳои шӯришиёнро дар манотиқи шимоли ғарб ҳадаф қарор додаанд ва дар ин ҳамлаҳо тақрибан 100 тундрав кушта шудаанд.

Бино ба гуфтаи мақомот, дар миёни кушташудагон Абу Абдулраҳмон Ал Маонӣ-раҳбари яке аз гурӯҳҳои шӯришӣ низ будааст, ки 8 июн раҳбарии ҳамла ба фурудгоҳи байналмиллалии Карочиро бар уҳда доштааст. Шӯришиён он рӯз 4-5 соат фурудгоҳи Карочиро ба муҳосира дароварда буданд. Дар ин ҳамла 38 кас, аз ҷумла худи ҳамлакунандагон кушта шуда буданд.

Ҳавопаймоҳо нуқтаҳоеро дар кӯҳистонҳои Деҳгон дар 25 километрии ғарби Мироншоҳ-маркази ноҳияи қабиланишини Вазиристони Шимолӣ ва яке аз марказҳои Толибони Покистон ҳадаф қарор додаанд.

Мақомоти низомии Покистон мегӯянд, онҳо ҳамларо замоне оғоз карданд, ки ҳузури тундравҳои узбак аз Ҳаракати Исломии Узбакистон дар ин минтақа таъйид шудааст.
XS
SM
MD
LG