Пайвандҳои дастрасӣ

Пирӯзии «Истиқлол» бар «Хайр» ва мусовии «Хуҷанд» бо «Парвоз»


Дилшод Восиев -- бозигари дастаи "Истиқлол", нишонзани беҳтарини мусобиқот ба шумор меравад.

Дилшод Восиев -- бозигари дастаи "Истиқлол", нишонзани беҳтарини мусобиқот ба шумор меравад.

Шоми шанбеи 14-уми июн боз ду бозии даври 8-уми мусобиқаи қаҳрамонии лигаи олии футболи Тоҷикистон ба анҷом расид.

Дастаи «Истиқлол» (Душанбе) дар майдони худ бар тими «Хайр» (Ваҳдат) бо ҳисоби 5-1 ғалаба кард. Бозии «Хуҷанд» (Хуҷанд) бо тими меҳмон - «Парвоз» (Бобоҷон Ғафуров) - бо ҳисоби 3-3 хотима ёфт.

Ёдовар мешавем, ду бозии аввали даври 8-ум шоми ҷумъаи 13-уми июн ба охир расида буд. Дастаи «Энергетик» (Душанбе) бар тими меҳмон - «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – бо ҳисоби 3-0 пирӯз шуд. Дар бозии дигар низ дастаи мизбон - «Далерон-Ӯротеппа» (Истаравшан) бар тими «Вахш» (Қӯрғонтеппа) бо ҳисоби 2-0 ғалаба кард.

Бозии охирини даври 8-ум миёни дастаҳои ССКА «Помир» (Душанбе) – «Равшан» (Кӯлоб) рӯзи якшанбе, 15-уми июн, доир хоҳад шуд.

Дар ҷадвали мусобиқа “Истиқлол” бо 22 имтиёз пешсаф мебошад ва ягона дастаест, ки бохт надорад.

Чемпионати Тоҷикистон. Лигаи олӣ. Даври 8-ум
13 июн, ҷумъа

«ЭНЕРГЕТИК» - «РЕГАР-ТАДАЗ» - 3-0
Голҳо: Шодибек Ғаффоров, 14 (1:0). Далер Шомуродов, 18 – ба дарвозаи худ (2:0). Бахтиёр Чориев, 65 (3:0).
Сардовар: Равшан Ишматов (Қӯрғонтеппа).
Душанбе, варзишгоҳи «Спартак».

«ДАЛЕРОН-ӮРОТЕППА» - «ВАХШ» - 2-0
Голҳо: Соломон Течи, 64 (1:0). Нуъмонҷон Ҳакимов, 87 (2:0).
Сардовар: Сайёдҷон Зайниддинов (Душанбе).
Истаравшан, Варзишгоҳи марказӣ.

14 июн, шанбе

«ИСТИҚЛОЛ» - «ХАЙР» 5-1
Голҳо: Дилшод Восиев, 5 (1:0). Хуршед Маҳмудов, 32 (2:0). Комил Саидов, 63 (3:0). Дилшод Восиев, 67 (4:0). Сӯҳроби Ҳусейнӣ, 86 (4:1), Умедҷон Шарифов, 89 (5:1).
Сардовар: Аъзам Бӯриев (Душанбе).
Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ

«ХУҶАНД» - «ПАРВОЗ» - 3-3

Голҳо: Чарлз Теко, 2 (1:0). Манучеҳр Аҳмадов, 12 (2:0). Юсуф Рабиев, 44 (2:1).
Комрони Мирзохон, 63 (2:2). Илҳом Баротов, 67 (2:3), Манучеҳр Аҳмадов, 85 (3:3).
Сардовар: Насрулло Кабиров (Норак).
Хуҷанд, варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон»

15 июн, якшанбе. Оғози бозӣ – соати 18:00
ССКА «ПОМИР» - РАВШАН
Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ
Сардовар: Парвиз Муртазоев (Душанбе).

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа
Ҷ ДАСТАҲО БҒМБТИ
1«Истиқлол» (Душанбе)871032-422
2«Хуҷанд» (Хуҷанд)843111-1015
3«Хайр» (Ваҳдат)841312-1113
4«Парвоз» (Бобоҷон Ғафуров)841313-1513
5«Энергетик» (Душанбе)83239-811
6«Далерон-Ӯротеппа» (Истаравшан)83236-611
7«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода)731311-910
8«Вахш» (Қӯрғонтеппа)72052-76
9«Равшан» (Кӯлоб)720510-256
10ССКА «Помир» (Душанбе)70162-131

Нишонзанҳои беҳтарин: Дилшод ВОСИЕВ («Истиқлол») – 9 тӯб, Комил САИДОВ, Хуршед МАҲМУДОВ (ҳарду – «Истиқлол») – 6-тӯбӣ, Наврӯз РУСТАМОВ («Равшан») Фирӯз РАҲМАТОВ («Регар-ТадАЗ»), Манучеҳр АҲМАДОВ («Хуҷанд») – 5-тӯбӣ, Айдох НАПОЛЕОН («Хайр»), Чарлз ТЕКО («Хуҷанд») – 4-тӯбӣ, Фарҳод ТОҲИРОВ («Парвоз»), Ҷаҳонгир ЭРГАШЕВ, Фатҳулло ФАТҲУЛЛОЕВ (ҳарду – «Истиқлол») – 3-тӯбӣ.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG