Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳомид Карзай аз баргузории интихобот ситоиш кард


Ҳомид Карзай

Ҳомид Карзай

Дар Афғонистон даври дуввуми интихоботи раёсати ҷумҳурӣ баргузор шуд. Ҳомид Карзай-раиси ҷумҳури Афғонистон аз ширкати мардум дар райдиҳӣ ситоиш кард. Вай гуфт: “Мо худамонро чун як миллати қаввӣ нишон додем ва натиҷаҳои ин интихобот ба Афғонистон беҳбудӣ меорад”.

Бо вуҷуди таҳдидҳои Толибон дар ин кишвар интихобот баргузор шуд. Дар бораи се таркиш дар қисмати шимолии шаҳри Кобул ва дар бораи як таркиш дар ғарби шаҳр гузоришҳо мерасад, вале дар Кобул барои ширкат дар райдиҳӣ навбатҳои тӯлонӣ ба вуҷуд омадааст. Ин таркишҳо қабл аз боз шудани ҳавзаҳои райдиҳӣ рух додааст.

Толибон таҳдид карда буданд, ки ба райдиҳандагон ҳамла мекунанд ва аз афғонҳо хоста буданд, ки аз ҳавзаҳои интихоботӣ худро дур бигиранд, то кушта нашаванд.
XS
SM
MD
LG