Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Райдиҳӣ дар интихоботи Афғонистон ба поён расид


Хабаргузориҳо аз Афғонистон гузориш додаанд, ки райдиҳӣ дар даври дуввуми интихоботи раёсати ҷумҳурии ин кишвар ба поён расидааст. Дар ин бора Кумиссиюни мустақили интихоботӣ хабар додааст. Кумиссиюни интихоботӣ гуфтааст, ки дар бораи наҳваи баргузории интихобот гузориши худро шоми 14 июн мунташир хоҳад сохт.

Бо вуҷуди таҳдидҳои Толибон дар ин кишвар интихобот баргузор шуд. Дар бораи се таркиш дар қисмати шимолии шаҳри Кобул ва дар бораи як таркиш дар ғарби шаҳр гузоришҳо мерасад, вале дар Кобул барои ширкат дар райдиҳӣ навбатҳои тӯлонӣ ба вуҷуд омадааст. Ин таркишҳо қабл аз боз шудани ҳавзаҳои райдиҳӣ рух додааст.

Сиддиқ Сиддиқӣ-сухангӯи вазорати корҳои дохилаи Афғонистон таъйид кард, ки як мушак дар қисмати ҷанубии фурудгоҳи байналмиллалии Кобул афтодааст. Вай ҳамчунин гуфт, ки қабл аз оғози райдиҳӣ дар ғарби Кобул таркиш ба вуқуъ павастааст.
Аммо Сиддиқӣ гуфтааст, ки дар ин таркишҳо касе кушта нашудааст ва он ба фаъолияти кормандони расмии интихоботӣ халал нарасондааст.

Толибон таҳдид карда буданд, ки ба райдиҳандагон ҳамла мекунанд ва аз афғонҳо хоста буданд, ки аз ҳавзаҳои интихоботӣ худро дур бигиранд, то кушта нашаванд.

Дар даври дуввуми интихобот Абдуллоҳ Адуллоҳ ва Ашрафғанӣ Аҳмадзай бо ҳам рақобат мекунанд. Интизор меравад, ки натиҷаҳои муқаддамотии интихобот 2 июн ва натиҷаҳои ниҳоӣ 22 июл 22 июн эълон шавад.
XS
SM
MD
LG