Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

14 июн дастаҳои Англия ва Италия бозӣ мекунанд


14 июн дар варзишгоҳи навсохти шаҳри Менауси Бразилия дар бозиҳои Ҷоми Ҷаҳонии Футбол 2014 дастаҳои футболи Англия ва Италия бо ҳам бозӣ мекунанд. Дар остонаи ин бозӣ сару садоҳо ба роҳ андохтаанд, ки ҳавои намноки ҷангалҳои Бразилия метавонад ба ҳолати бозигагарон асар гузорад.

Ба ҷуз аз ин бозӣ дар рӯзи севвуми бозиҳои қаҳрамонии ҷаҳон дастаи Колумбия бо Юнон, дастаи Уругвай бо Коста Рика ва дастаи Ҷопон бо Кот-д'Ивуар бозӣ мекунанд.

13 июн дастаи Ҳолланд қасди худро аз бохти бозии ниҳоии Ҷоми Ҷаҳонии футбол-2010 аз Испания гирифт. Дастаи Ҳолланд он вақт дар бозии охир бар Испания бохт ва дар мақоми дуввум қарор гирифт. Вале 13 июн Ҳолланд бо ҳисоби 5 бар 1 дастаи Испанияро бечора кард.

13 июн ҳамчунин Мексика бар Камерун бо ҳисоби 1-0, Чилӣ бар Австралия бо ҳисоби 3-1 пируз шуданд.
XS
SM
MD
LG