Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шӯришиён дар шарқи Украина ҳавопайморо суқут доданд


Вазорати дифои Украина мегӯяд, шӯришиёни ҷудоихоҳи ҷонибдори Русия дар минтақаи Луҳанск ҳавопаймои борбарро суқут доданд ва дар ин ҳодиса 49 сарбози Украина ба қатл расодаанд.

Бино ба хабари вазорат, 14 июн шабона вақте, ки ҳавопаймои ИЛ-71 ба фуруд дар Луҳанск омодагӣ мегирифт, шӯришиён онро задаанд. Чанд соат пеш аз ин ҳодиса Вашингтон гуфт, иддаои Киев дар бораи фиристодани таҷҳизоти вазнини низомии Русия ба ҷудоихоҳони Украинаро метавонад таъйид кунад.
Ба ин таҷҳизот тонкҳо ва мушакандозҳо низ дохил мешаванд.
XS
SM
MD
LG