Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Шоми ҷумъаи 13-уми июн ду бозии даври 8-уми мусобиқаи қаҳрамонии лигаи олии футболи Тоҷикистон ба анҷом расид.

Дастаи «Энергетик» (Душанбе) бар тими меҳмон - «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – бо ҳисоби 3-0 пирӯз шуд. Голҳоро Шодибек Гаффоров дар дақиқаи 14-ум, Далер Шомуродов (дақиқаи 18-ум - ба дарвозаи дастааш) ва Бахтиёр Чориев (65) заданд.

Дар бозии дигар низ дастаи мизбон - «Далерон-Ӯротеппа» (Истаравшан) бар тими «Вахш» (Қӯрғонтеппа) бо ҳисоби 2-0 ғалаба кард. Голҳоро Соломон Течи (64) ва Нуъмонҷон Ҳакимов ( 87) ба ҳадаф расонданд. Дарвоқеъ, Нуъмонҷон Ҳакимов, ҳамлагари «Далерон-Уротеппа» дар дақиқаи 47-ум ва Абдухалил Боронов, бозигари «Вахш» дар дақиқаи 90+3 аз пеналтӣ истифода карда натавонистанд.

Ду бозии дигари даври ҳаштум имрӯз, 14-уми июн, байни дастаҳои «Истиқлол» (Душанбе) - «Хайр» (Ваҳдат) ва «Хуҷанд» (Хуҷанд) - «Парвоз» (Бобоҷон Ғафуров) сурат мегирад.

Бозии охирини даври 8-ум миёни дастаҳои ССКА «Помир» (Душанбе) – «Равшан» (Кӯлоб) рӯзи якшанбе, 15-уми июн, доир хоҳад шуд.

Дар ҷадвали мусобиқа “Истиқлол” бо 19 имтиёз пешсаф мебошад ва ягона дастаест, ки бохт надорад.

Чемпионати Тоҷикистон. Лигаи олӣ. Даври 8-ум
13 июн, ҷумъа

«ЭНЕРГЕТИК» - «РЕГАР-ТАДАЗ» - 3-0
Голҳо: Шодибек Ғаффоров, 14 (1:0). Далер Шомуродов, 18 – ба дарвозаи худ (2:0). Бахтиёр Чориев, 65 (3:0).
Сардовар: Равшан Ишматов (Қӯрғонтеппа).
Душанбе, варзишгоҳи «Спартак».

«ДАЛЕРОН-ӮРОТЕППА» - «ВАХШ» - 2-0
Голҳо: Соломон Течи, 64 (1:0). Нуъмонҷон Ҳакимов, 87 (2:0).
Сардовар: Сайёдҷон Зайниддинов (Душанбе).
Истаравшан, Варзишгоҳи марказӣ.

14 июн, шанбе. Оғози бозиҳо – соати 18:00


«ИСТИҚЛОЛ» - «ХАЙР»
Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ
Сардовар: Аъзам Бӯриев (Душанбе).

«ХУҶАНД» - «ПАРВОЗ»
Хуҷанд, варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон»
Сардовар: Насрулло Кабиров (Норак).

15 июн, якшанбе. Оғози бозиҳо – соати 18:00

ССКА «ПОМИР» - РАВШАН
Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ
Сардовар: Парвиз Муртазоев (Душанбе).

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа
Ҷ ДАСТАҲО БҒМБТИ
1«Истиқлол» (Душанбе)761027-319
2«Хуҷанд» (Хуҷанд)74218-714
3«Хайр» (Ваҳдат)741211-613
4«Парвоз» (Бобоҷон Ғафуров)740310-1212
5«Энергетик» (Душанбе)83239-811
6«Далерон-Ӯротеппа» (Истаравшан)83236-611
7«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода)731311-910
8«Вахш» (Қӯрғонтеппа)72052-76
9«Равшан» (Кӯлоб)720510-256
10ССКА «Помир» (Душанбе)70162-131

Нишонзанҳои беҳтарин: Дилшод ВОСИЕВ («Истиқлол») – 7 тӯб, Комил САИДОВ («Истиқлол»), Фирӯз РАҲМАТОВ («Регар-ТадАЗ»), Хуршед МАҲМУДОВ («Истиқлол»), Наврӯз РУСТАМОВ («Равшан») – 5-тӯбӣ, Айдох НАПОЛЕОН («Хайр») – 4 тӯб, Фарҳод ТОҲИРОВ («Парвоз»), Ҷаҳонгир ЭРГАШЕВ, Фатҳулло ФАТҲУЛЛОЕВ (ҳарду – «Истиқлол»), Чарлз ТЕКО, Манучеҳр АҲМАДОВ (ҳарду – «Хуҷанд») – 3-тӯбӣ.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG