Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Керрӣ: ИМА ба ҳаводиси Ироқ вокуниши сареъ мекунад


Ҷон Керрӣ, вазири умури хориҷии Амрико, рӯзи ҷумъа, изҳор намуд, ки Вошингтон ба ҳаводиси Ироқ ба таври сареъ вокуниш хоҳад кард. Ба гуфтаи ӯ, раисиҷумҳур Барак Обама дар наздиктарин фурсат дар мавриди посух ба афзоиши хушунат дар Ироқ ва аз сӯи ҷангҷӯён тасарруф шудани бахши аъзами қаламрави Ироқ тасмим хоҳад гирифт.

Ҷон Керрӣ баъд аз анҷоми як конфаронси байнулмилалӣ дар Лондон дар сӯҳбат бо хабарнигорон афзуд, ки ҳаводиси ахир бояд ҳушдори ҷиддие барои раҳбарони сиёсии Ироқ шавад.

Ҷангҷӯёни “Давлати исломии Ироқ ва Шом” дар идомаи пешравиҳои худ дар Ироқ ду шаҳр аз вилояти Лаёла, воқеъ дар шарқи кишвар ва дар наздикиҳои марз бо Эронро тасарруф карданд. Радиои Фардо рӯзи ҷумъа бо такя ба хабаргузории Рейтер иттилоъ дод, ки шаҳрҳои Ҷалула ва Алсаъидия ба иловаи чандин рустои атрофи онҳо дар кӯҳистони Ҳамрин ба дасти мусаллаҳони “Давлати исломии Ироқ ва Шом” гузашт ва нерӯҳои низомӣ низ постгоҳҳои худро раҳо кардаанд.

Ин ҳафта гурӯҳи “Давлати исломии Ироқ ва Шом”, ки бо “Ал-Қоида” робита дорад, чанд шаҳри Ироқ, аз ҷумла Мавсил ва Тикритро таҳти назорат қарор дод.

Шоми панҷшанбе Шӯрои амнияти СММ дар нишасти фаврии худ хостори баргузории муколамали миллии ҳамаҷониба дар Ироқ шуд ва ҳамлаҳои ахири ҷангҷӯён дар ин кишварро маҳкум кард. Аммо дар изҳороти 15 кишвари узви Шӯрои амният дар мавриди кор гирифтан аз чораҳое алайҳи гурӯҳи “Давлати исломии Ироқ ва Шом” чизе гуфта нашудааст.
XS
SM
MD
LG