Пайвандҳои дастрасӣ

Муфаттиши додситонии вилояти Хатлон дар сӯҳбат бо Озодӣ парвандаи пурсарусадоро шарҳ дод.

Бино бар парвандае, ки додситонии вилояти Хатлон онро ба поён расонд ва ба додгоҳ фиристод, фармондеҳи собиқи яке аз ҷузвутомҳои Хадамоти марзбонии Тоҷикистон, Давлат Чолов ва чаҳор нафари дигар ба ҷалби ҷавонони тоҷик ба ҷанги Сурия айбдор мешаванд. Ин ҳам дар ҳоле, ки се тани онҳо ҷалби ҷавонон ба Сурияро аз дохили маҳбас анҷом медодаанд. Саидҷон Салимов, муфаттиши шӯъбаи тафтишотӣ оид ба корҳои махсусан муҳими додситонии вилояти Хатлон, мушовири адлияи дараҷаи 1-ум тафсилоти ин парвандаро дар сӯҳбат бо «Озодӣ» бозгӯ кард:


Салимов: Дар ин парвандаи ҷиноятӣ, ки ман кори онро ба итмом расондам, рафтори Чолов Давлат Аҳмедович ва Шукуров Абдураҳим, Қодиров Абдураҳмон, Ҷӯраев Савриддин, Хоҷамқулов Азаматҷон бар пояи банди 187, қисми 3, (ташкили иттиҳоди ҷиноӣ барои содир намудани ҷиноятҳои махсусан муҳим), банди 307 (ташкили созмони ифротгаро)-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳқиқ шуд. Бояд зикр кунам, аз инҳо се нафар -- Қодиров Абдураҳмон, Ҷӯраев Савриддин, Хоҷамқулов Азаматҷон дар дохили маҳбас буданд ва Чолов Давлату Шукуров Абдураҳим аз берун бо онҳо ҳамкорӣ доштанд. Қодиров Абдураҳмон, шаҳрвандаи Узбакистон, дар иттиҳоди ҷиноятӣ-террористии Ҳаракати исломии Узбакистон фаъолият намуда, ҳоло ҳам аз ақидаи худ барнагаштааст, супориши раҳбари ин гурӯҳи ҷиноиро аз дохили маҳбас иҷро намуда, шаҳрвандонро ба ин иттиҳод ҷалб мекард. Вай соли 2007 аз ҷониби додгоҳи вилояти Суғд ба мӯҳлати 19 сол зиндонӣ шуда буд. Бисёре аз машваратҳои ҳамаи онҳо ба воситаи телефон сурат гирифта, онҳо тавонистаанд чанд сокини шаҳри Кӯлоб, аз ҷумла Мирзоев Сайидаҳмад, Амиров Саъдуллоро ба гурӯҳи худ ҷалб кардаанд. Онҳо шаҳрванд Сафаров Бахтиёрро ба ҷанги Сурия фиристоданд. Ин нафар бо супориши шаҳрванди Узбакистон Қодиров Абдураҳмон ва роҳбаладии Чолов Давлат ба Сурия рафт, вале ба зудӣ фаҳмид, ки ин ҷо ҷанги ноҳақ аст ва бегуноҳон кушта мешаванд, ба Тоҷикистон баргашт. Таҳқиқи парванда хеле душвор буд ва ин раванд зери назари Шерхони Одина, Прокурори генералӣ, ҷараён гирифт, ки дар таҳқиқу пажӯҳиш таҷриба ва собиқаи зиёд дорад.

Озодӣ: Ҳадафи ин гурӯҳ дар ниҳоят ҷалби сокинони Тоҷикистон ба ҷанги Сурия будааст. Раҳбарии ин гурӯҳро кӣ ба ӯҳда дошт ва дар маҷмӯъ чанд нафарро ба Сурия равон кардаанд?


Салимов: Хоҷамқулов Азаматҷон ва Ҷураев Савриддин раҳбари ин гурӯҳ ба шумор мерафтанд. Инҳо ба мӯҳлатҳои тӯлонӣ дар зиндон буданд ва ин кори худро аз дохили зиндон ба роҳ мондаанд. Онҳо маҳбусонеро, ки мӯҳлати ҷазояшон ба поён мерасид, таблиғ мекарданд, то ба гурӯҳи ҷавононе ҳамроҳ шаванд, ки мехоҳанд дар Сурия ҷиҳод кунанд. Нақшаи онҳо васеъ буд, аммо баъд аз он ки кормандони Раёсати корҳои дохилӣ аз мавҷудияти ин даста ва аҳдофи он огоҳ шудаанд, ноаён фаъолияти онро зери назар гирифтанд. То лаҳзаи боздошт 5 нафарро ба сафари Русия омода карда буданд. Аз инҳо тавонистанд, танҳо як нафарро ба Сурия расонанд.

Озодӣ: Дар ин гурӯҳ Давлат Чолов чӣ нақш дошт?

Салимов: Чолов Давлат, шахсе буд, ки дар гузашта зиндон шуда, доғи судӣ дошт. Ӯ аз рӯи талаботи банди 307 эзоҳи 3, қисми 2-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба он айбдор мешуд, ки бино бар супориши сарони гурӯҳро иҷро мекард. Ӯ даъвати онҳоро қабул кард ва ҳозир шуд, барои ҷалби ҷавонон ба гурӯҳи тундрав ва сафар ба Сурия кӯмак кунад.


Озодӣ: Оё худи Давлат Чолов ҳам боре ба Сурия рафта буд?

Салимов: Чолов Давлат бо як шаҳрванди дигар 11-уми феврали соли 2014 чиптаи ҳавопаймои самти Душанбе-Истамбул гирифта, мехостанд, ба Туркия парвоз кунанд. Ин дар ҳоле буд, ки онҳо аллакай зери назорат буданд. Дар фурудгоҳи Душанбе, соате пеш аз парвоз онҳо хатареро эҳсос карда, аз парвоз ба Истамбул худдорӣ карданд ва аз фурудгоҳи Душанбе гурехта, пинҳон шуданд. Аммо рӯзи 12-уми феврал аз ҷониби кормандони Раёсати корҳои дохилии вилояти Хатлон пайдо ва боздошт карда шуданд.

Озодӣ: Бисёриҳо мутманианд, ки инҳо бидуни маблағе ба Сурия мерафтанд. Дар ҷараёни тафтиш маълум нашуд, ки инҳо барои фаъолияташон маблағе мегирифтанд ё на?

Салимов: Инҳо барои фаъолияташон маблағҳои муайяне мегирифтанд. Аз ҷумла, ба Давлат Чолов пеш аз парвозаш аз хориҷи кишвар 12 ҳазор доллари амрикоӣ равон шуда буд. Худи айбдоршавандаҳо ҳам дар ҷараёни тафтиш иқрор карданд, ки барои ин корашон пул мегирифтанд. Маблағи 12 ҳазор доллари амрикоӣ ва як компютери ноутбук аз Давлат Чолов ҳамчун далели шайъӣ мусодира карда шуд. Акнун додгоҳ ба аъмоли онҳо баҳои худро хоҳад дод.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG