Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мариупол таҳти назорати нерӯҳои украинӣ қарор гирифт


Мариупол баъд аз анҷоми амалиёти низомӣ
Мариупол баъд аз анҷоми амалиёти низомӣ
Петро Порошенко, раисиҷумҳури Украина, рӯзи ҷумъа ба раиси вилояти Донетск Сергей Тарута дастур дод, ки дафтари худро муваққатан ба шаҳри Мариупол кӯчонад. Ба гуфтаи сарвари давлат, тавассути қаҳрамонии низомиёни украинӣ субот дар ин шаҳри воқеъ дар вилояти Донетск таъмин гардид.

Дар амалиёти низомӣ дар шаҳри Мариупол, ки субҳи рӯзи ҷумъа, 13 июн шурӯъ шуд, ҷузву томҳои Горди миллӣ, нерӯҳои вижаи вазорати умури дохилӣ – “Днепр” ва “Азов” ширкат карданд. Ба гуфтаи Антон Герашенко, мушовири вазири умури дохилии Украина, амалиёт хуб анҷом ёфт ва Мариупол таҳти назорати нерӯҳои украинӣ қарор дорад. Ба гуфтаи ӯ, 30 тан аз ҷудоихоҳон боздошт шуданд.

Аз ин пеш хабар дода мешуд, ки дар амалиёт алайҳи ҷудоихоҳон дар Мариупол чаҳор тан аз сарбозҳои украинӣ маҷрӯҳ шуданд. Ба иттилои сомонаи интернетии Горди миллии Украина, вазъи яке аз низомиён вазнин аст. Ҷудоихоҳон ҳалокати панҷ нафар аз нерӯҳояшон дар набардҳоро тасдиқ карданд.
XS
SM
MD
LG