Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Даъвати Карзай аз афғонҳо барои ширкат дар интихобот


Ҳомид Карзай, раисиҷумҳури Афғонистон, аз мансабдорони давлатӣ ва кормандони мақомоти амниятӣ хост, ки ба ҷараёни даври дуввуми интихоботи раёсатҷумҳурӣ дахолат накунанд.

Дар як суханронӣ аз тариқи телевизиони давлатӣ, ки шоми панҷшанбе пахш шуд, Карзай аз мардум хост, ки рӯзи 14 июн пойи қуттиҳои раъйдиҳӣ биёянд, зеро ин “овоздиҳӣ барои таҳкими демократия ва субот дар кишвар хело муҳим аст”.

Раисиҷумҳур ҳамчунин аз масъулини ниҳодҳои интихоботӣ даъват кард, ки ин раванд шаффоф бошад ва онҳо то эълони натоиҷи ниҳоӣ бетараф боқӣ бимонанд.

Бар пояи Қонуни асосии Афғонистон, Ҳомид Карзай ҳаққи бори саввум раисиҷумҳур интихоб шуданро надорад.

Дар даври дуввуми интихоботи президентӣ собиқ вазири умури хориҷӣ Абдуллоҳ Абдуллоҳ ва собиқ вазири молияи кишвар Ашраф Ғанӣ Аҳмадзай бо ҳам сабқат мекунанд. Дар даври аввал доктор Абдуллоҳ 45 дар сад ва рақиби ӯ 31,6 дар сади раъйҳоро соҳиб шуда буданд.

Дар ҳамин ҳол ҷунбиши “Толибон” рӯзи ҷумъа бо пахши як изҳорот аз мардуми афғон хост, ки “аз қитъаҳои интихоботӣ дур бошанд, то кушта ё маҷрӯҳ нашаванд”.
XS
SM
MD
LG