Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Коломойский мехоҳад дар марз бо Русия девор бунёд кунад


Девори амниятӣ дар Исроил
Девори амниятӣ дар Исроил
Раиси вилояти Днепропетровск, сармоядор Игор Коломойский ба раисиҷумҳур Петро Порошенко пешниҳод кард, ки дар марзҳои Русия дар қаламрави вилоятҳои Донетск, Луҳанск ва Харков девори мустаҳкам бунёд кунад.

Тавре сомонаи “Цензор.нет” хабар додааст, бар пояи ин тарҳ, ки ба дафтари раисиҷумҳур фиристода шудааст, девори фулодии думетра дар тақрибан 1900 километр марз метавонад дар ним сол бунёд шавад. Болои девор симхор бо нерӯи барқ насб мешавад ва канори он майнгузорӣ мешавад. Ба гуфтаи Коломойский, маблағи умумии тарҳ 100 миллион евро хоҳад буд ва бахши аъзами онро Бунёди “Днепр-1”-и таъсискардаи худи ӯ пардохт хоҳад кард.

Раиси вилояти Днепропетровск ибтикори худро бо “Хатти Маннергейм”, ки аз сӯи Финляндия барои дифоъ аз Иттиҳоди Шӯравӣ бунёд шуда буд ва девори миёни Исроил ва Миср монанд кардааст. Игор Коломойский гуфтааст, ки фақат тавассути бунёди ин девор Украина метавонад худро аз Путин ҳифз кунад.
XS
SM
MD
LG