Пайвандҳои дастрасӣ

Низомиёни украинӣ амалиёт дар Мариуполро шурӯъ карданд


Дар амалиёт алайҳи ҷудоихоҳон дар шаҳри Мариуполи вилояти Донетск чаҳор тан аз сарбозҳои украинӣ маҷрӯҳ шуданд. Ба иттилои сомонаи интернетии Горди миллии Украина, вазъи яке аз низомиён вазнин аст. Аз ин пештар ҷудоихоҳон хабар дода буданд, ки дар набардҳо панҷ нафарашон ба ҳалокат расидаанд.

Дар амалиёти низомӣ дар шаҳри Мариупол, ки субҳи рӯзи ҷумъа, 13 июн шурӯъ шуд, ҷузву томҳои Горди миллӣ, нерӯҳои вижаи вазорати умури дохилӣ – “Днепр” ва “Азов” ширкат доранд.

Вакили Верховная рада Олег Ляшко субҳи ҷумъа дар Facebook навишт, ки ҷудоихоҳон дар посух ба талаби ба замин гузоштани силоҳ сӯи низомиён оташ кушоданд. Сарбозони украинӣ ҳамла ба ситоди ҷонибдорони “Ҷумҳурии мардумии Донетск”-ро идома медиҳанд. Арсен Аваков, вазири умури дохилии Украина, хабар дод, ки низомиён ҳама мавқеъҳои калидии ҷудоихоҳонро таҳти назорат қарор доданд ва нуқтаҳои снайперҳову як зиреҳпӯш нобуд карданд.

Шаби панҷшанбе ба ҷумъа як гурӯҳи низомиёни бригадаи десантии шаҳри Николаев, ки дар амалиёт алайҳи ҷудоихоҳон ширкат дорад, дар марз бо Русия ба муҳосира уфтоданд. Дар ин даргирӣ дасти кам ду низомии украинӣ ба ҳалокат расида, беш аз 20 тани дигар ҷароҳат бардоштанд.
XS
SM
MD
LG