Пайвандҳои дастрасӣ

Бозиҳои даври 8-уми мусобиқаи қаҳрамонии лигаи олии футболи Тоҷикистон имрӯз, 13-уми июн, шурӯъ мешаванд.

Бегоҳи ҷумъа ду бозӣ байни дастаҳои «Энергетик» (Душанбе) - «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) ва «Далерон-Ӯротеппа» (Истаравшан) - «Вахш» (Қӯрғонтеппа) барпо мегардад.

Ду бозии дигари даври навбатӣ рӯзи шанбе, 14-уми июн, байни дастаҳои «Истиқлол» (Душанбе) - «Хайр» (Ваҳдат) ва «Хуҷанд» (Хуҷанд) - «Парвоз» (Бобоҷон Ғафуров) сурат мегирад.

Бозии охирини даври 8-ум миёни дастаҳои ССКА «Помир» (Душанбе) – «Равшан» (Кӯлоб) рӯзи якшанбе, 15-уми июн, доир хоҳад шуд.

Дар ҷадвали мусобиқа “Истиқлол” бо 19 имтиёз пешсаф мебошад ва ягона дастаест, ки бохт надорад.

Чемпионати Тоҷикистон. Лигаи олӣ. Даври 8-ум
13 июн, ҷумъа. Оғози бозиҳо – соати 18:00

«ЭНЕРГЕТИК» - «РЕГАР-ТАДАЗ»
Душанбе, варзишгоҳи «Спартак»
Сардовар: Равшан Ишматов (Қӯрғонтеппа).

«ДАЛЕРОН-ӮРОТЕППА» - «ВАХШ»
Истаравшан, Варзишгоҳи марказӣ
Сардовар: Сайёдҷон Зайниддинов (Душанбе).

14 июн, шанбе. Оғози бозиҳо – соати 18:00


«ИСТИҚЛОЛ» - «ХАЙР»
Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ
Сардовар: Аъзам Бӯриев (Душанбе).

«ХУҶАНД» - «ПАРВОЗ»
Хуҷанд, варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон»
Сардовар: Насрулло Кабиров (Норак).

15 июн, якшанбе. Оғози бозиҳо – соати 18:00

ССКА «ПОМИР» - РАВШАН
Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ
Сардовар: Парвиз Муртазоев (Душанбе).

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа
Ҷ ДАСТАҲО БҒМБТИ
1«Истиқлол» (Душанбе)761027-319
2«Хуҷанд» (Хуҷанд)74218-714
3«Хайр» (Ваҳдат)741211-613
4«Парвоз» (Бобоҷон Ғафуров)740310-1212
5«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода)631211-610
6«Энергетик» (Душанбе)72236-88
7«Далерон-Ӯротеппа» (Истаравшан)72234-68
8«Вахш» (Қӯрғонтеппа)62042-56
9«Равшан» (Кӯлоб)720510-256
10ССКА «Помир» (Душанбе)70162-131

Нишонзанҳои беҳтарин: Дилшод ВОСИЕВ («Истиқлол») – 7 тӯб, Комил САИДОВ («Истиқлол»), Фирӯз РАҲМАТОВ («Регар-ТадАЗ»), Хуршед МАҲМУДОВ («Истиқлол»), Наврӯз РУСТАМОВ («Равшан») – 5-тӯбӣ, Айдох НАПОЛЕОН («Хайр») – 4 тӯб, Фарҳод ТОҲИРОВ («Парвоз»), Ҷаҳонгир ЭРГАШЕВ, Фатҳулло ФАТҲУЛЛОЕВ (ҳарду – «Истиқлол»), Чарлз ТЕКО, Манучеҳр АҲМАДОВ (ҳарду – «Хуҷанд») – 3-тӯбӣ.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG