Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Лавров масъалаи фиристодани нируҳои сулҳро матраҳ кард


Сергей Лавров
Сергей Лавров
Русия мегӯяд, ки “беш аз пеш” аз набуди талошҳо барои муттаваққиф сохтани даргириҳо дар шарқи Украина нигарон аст. Хабаргузориҳои Русия дар ин бора аз номи Сергей Лавров-вазири корҳои хориҷаи Русия 12 июн нақли қавл кардаанд.

Лавров хостааст, ки ба мавридҳои истифодаи баъзе аслиҳа ва муҳимоти ҷангӣ аз тарафи нируҳои артиши Украина ба таври фаврӣ расидагӣ сурат бигирад.

Вазири корҳои хориҷаи Русия ҳамчунин масъалаи фиристодани нируҳои посдори сулҳ ба Украинаро матраҳ кард ва гуфт, ин кор бояд зудтар анҷом бигирад, то вақт аз даст наравад.
XS
SM
MD
LG