Пайвандҳои дастрасӣ

Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов аз СҶБ медал гирифт


Маргарет Хан

Маргарет Хан

Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт саҳми Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов-раиси ҷумҳури Туркманистонро дар мубориза бар зидди сигоркашӣ эътироф кард. Маргарет Хан-раиси ин созмон 11 июн дар маросиме дар Ашқобод ба Бердимуҳаммадов медали вижаеро тақдим кард.

Вай аз нақши раиси ҷумҳур дар мубориза бо сигоркашӣ ситоиш намуд. Туркманистон аз соли 2000 барои сигоркашӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ҷаримаҳои камаршикан муаррифӣ карда буд.

Бино ба маълумоти Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт, ҳоло як қуттӣ сигор дар Туркманистон 5-6 доллар арзиш дорад, ки гаронтарин нарх дар кишварҳои Шӯравии пешин ба шумор меравад.
XS
SM
MD
LG