Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳи раҳбари ҳизби мухолиф дар Ереван


Ҷонибдорони Ҳарутуниён
Ҷонибдорони Ҳарутуниён
12 июн дар Еереван мурофиаи додгоҳии Шант Ҳарутуниён -раиси ҳизби миллатгарои Тсегаркони Арманистон оғоз мешавад. Ҳарутуниён моҳи ноябри соли гузашта баъд аз даргирии байни даҳҳо нафар фаъолони ҳизбаш бо пулис боздошт шуда буд. Фаъолони ҳизб талош доштанд дар Ереван ба сӯи Кохи раёсати ҷумҳурӣ раҳпаймоӣ анҷом диҳанд.

Фаъолон мегуфтанд, ки онҳо ба нақша гирифта буданд, ки “инқилоб дар Арманистон” шиор диҳанд. Даҳҳо нафар, аз ҷумла 4 корманди пулис ҷароҳат бардошта буданд. Ҳарутуниёнро барои нақзи қонун бар зидди афсарони пулис муттаҳам мекунанд ва барои ин ҷурм 10 соли зиндон пешбинӣ шудааст.

Ҳарутуниён ва ҷонибдоронаш исрор меварзанд, ки боздошти вай ангезаи сиёсӣ дорад.
XS
SM
MD
LG