Пайвандҳои дастрасӣ

Чойхонаву тарабхонаҳо бояд 1000-долларӣ пардохт кунанд


Тарабхонаҳову қаҳвахонаҳо ва чойхонаҳои Узбакистонро маҷбур кардаанд, ки барои иҷозаи намоиши бозиҳои Ҷоми Ҷаҳонии футбол 1000-долларӣ "ҳақ" пардохт кунанд. Ин бозиҳо шаби 12 ба 13 июн дар Бразилия оғоз мешаванд.

Соҳибони тарабхонаву қаҳвахонаҳо ва чойхонаҳо мегӯянд, ширкати давлатии радиои ва телевизиони Узбакистон машварат додааст, ки пеш аз намоиши қонунии ин бозиҳо ба муштариёнашон бояд бо ин ширкат қарордод имзо кунанд.

Ин ширкат ҳушдор додааст, ки агар қарордод имзо накунанд, онҳо ҷамрима хоҳанд шуд. Як мақоми расмии ширкати мазкур, ки нахост аз худ ном бибарад, ин нуктаро дар сӯҳбат бо бахши узбакии радиои Озодӣ таъйид кард.

Бозиҳои Ҷоми ҷаҳонии футбол шоми 12 июн (соати 01:00-и шаби 13 июн ба вақти Тоҷикистон) оғоз мешавад. Нахустин бозӣ байни дастаҳои Бразилия ва Хорватия баргузор хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG