Пайвандҳои дастрасӣ

Порламони Ироқ вазъи кишварро баррасӣ мекунад


Интизор меравад, ки 12 июн порламони Ироқ дар ҷаласае ҷорӣ кардани вазъи изтирориро баррасӣ кунад. Ин дар ҳолест, ки шӯришиёни суннимазҳаб ба амалиёти таҳоҷумии худ идома медиҳанд. Ҷаласаи порламон бо дархости Нурӣ Ал Моликӣ-нахуствазири Ироқ баргузор мешавад.

11 июн ҷанговарон аз Давлати Исломии Ироқ ва Шом як рӯз баъд аз гирифтани Мавсил ва рабудани 80 турктабор назорат бар Тикритро низ ба даст дароварданд.

Бан Ки Мун-Дабири Кулли СММ аз маҳофили байналмилллалӣ хост, ки бо Ироқ ҳамбастагӣ нишон диҳанд. Қарор аст, ки шоми 12 июн Шӯрои Амнияти СММ барои баррасии вазъи Ироқ мулоқот кунад. Кохи Сафед гуфтааст, ки дар давоми 24 соати охир вазъи амниятӣ дар Ироқ бад шудааст.

Хонум Ҷен Псакӣ-сухангӯи вазорати корҳои хориҷаи Амрико вазъро “хеле ногувор” арзёбӣ кард ва гуфт, интизор меравад, ки Вашингтон барои мубориза бо шӯришиён ба Ироқ кӯмакҳои нав диҳад.
XS
SM
MD
LG