Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эҳдои беш аз 8 000 китоби Шакурӣ ба Китобхонаи миллӣ


Муҳаммадҷон Шакурӣ
Муҳаммадҷон Шакурӣ
Беш аз 8 ҳазор китоби академики фақид Муҳаммадҷон Шакуриро наздиконаш ба Китобхонаи миллии Тоҷикистон эҳдо кардаанд. Фотима Яъқубова, масъули дафтари матбуоти Китобхонаи миллӣ рӯзи 12-уми июн ба радиои Озодӣ гуфт, ки беш аз 8 ҳазор китобу маҷаллаҳои китобхонаи шахсиии донишманди тоҷик Муҳамммадҷон Шакурии Бухороӣ имрӯз ба ихтиёри китобхонаи миллӣ гузошта шуд. Ин китобҳоро Дилафрӯз Икромӣ, ҳамсари устод Шакурӣ тибқи васияти эшон ба китобхона тақдим намудааст. Фотима Яъқубова зикр кард, ки китобҳоро дар шӯъбаи махсус ҷобаҷо кардаанд ва ба муносибати эҳдои ин китобҳо дар нимаи дувуми имрӯз дар Китобхонаи миллӣ нишасти махсусе сурат хоҳад гирифт.
XS
SM
MD
LG