Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Боздошти 500 фоҳиша дар се шабонарӯз дар Тоҷикистон


Вазорати корҳои дохилӣ мегӯяд, ки дар се шабонарӯзи гузашта беш аз 500 фоҳиша ва даллаҳоро дастгир карда чанде аз онҳоро ҷарима кардааст.

Дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохила рӯзи 12-уми июн ба радиои Озодӣ гуфт, ки бахшҳои мумури дохила дар шаҳру навоҳӣ тайи се шабонарӯзи гузашта 505 фоҳиша ва 3 гомосексуалистро боздошт кардаанд.

Ба иттилои ин манбаъ, аз ҷумла аз 26 нафар танфурушҳо ба маблағи 3600 сомонӣ ҷарима ситонида шуда ва барои амалҳои гомосексуалистӣ 3 нафар, барои даллагӣ 39 нафар, барои нигоҳдории фоҳишахона 10 нафар, барои паҳн намудани маводи порнографӣ 1 нафар боздошт шуда аз онҳо сурат, изи даст гирифта шудааст ва дар ташхиси тиббии беморхонаи касалиҳои пуст санҷида шудаанд.
XS
SM
MD
LG