Пайвандҳои дастрасӣ

Таҳқиқи тазоҳурот дар назди сафорати Британия ва ҳамла ба Кабирӣ аз сӯи ВКД


Вазорати корҳои дохии Тоҷикистон гуруҳҳои кориеро барои таҳқиқи ҳодисаҳои тазоҳурот дар назди сафорати Британия ва ҳамлаи як гуруҳи сокинон ба Муҳиддин Кабирӣ таъсис додааст.

Вазорати корҳои дохии Тоҷикистон гуруҳҳои кориеро ба манзури таҳқиқи ҳодисаҳои тазоҳурот дар назди сафорати Британия дар шаҳри Душанбе ва ҳамла ба Муҳиддин Кабирӣ, вакили порлумон ва раҳбари ҲНИТ дар таърихи 10 июн, таъсис додааст.

Ҷалолиддин Садриддинов, сухангӯи вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи панҷшанбе, 12 июн зимни тасдиқи ин хабар ба Радиои Озодӣ гуфт, ки "таъсиси гуруҳҳои корӣ ба хотири таҳқиқи ин ҳодисаҳо бо супориши генерал - лейтенант Раҳимзода Рамазон Ҳамро, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон сурат гирифтааст."

Ба гуфтаи ҷаноби Садриддинов, раҳбарии гуруҳи корӣ дар иртибот ба таҳқиқи ҳодисаи ҳамла ба Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари ҲНИТ-ро Искандар Солеҳзода, муовини вазири корҳои дохилӣ ба уҳда дорад ва ҳамчунин раҳбарии гуруҳи корӣ дар нисбати ҳодисаи рухдода дар назди сафорати Британия дар шаҳри Душанбе ба дӯши Умарзода Икром Ислом, дигар аз муовини вазири корҳои дохилии Тоҷикистон гузошта шудааст.

Сухангӯи вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон мегӯяд, таҳқиқи ин ҳодисаҳо аз ҷониби гуруҳҳои корӣ идома дорад.

Таъсиси ин гуруҳҳои дар ҳолест, ки шӯъбаи корҳои дохилии Кӯлоб гуфта буд, дар пайи ҳамла ба Кабирӣ 2 нафарро боздошт кардаанд. Аммо мақомот дар Душанбе иттилоъ доданд, ки барои тазоҳурот дар назди сафорати Британия 10 нафар боздошт шудааст.

Масъулони шӯъбаи корҳои дохилии шаҳри Кӯлоб рӯзи чоршанбеи 11 июн дар сӯҳбат ба Радиои Озҳодӣ гуфтанд, ки "мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳри Кӯлоб дар иртибот ба ҳодисаи ҳамлаи дирӯза ба Муҳиддин Кабӣирӣ, раҳбари ҲНИТ дар ин минтақа ду нафарро боздошт карда ва нисбати онҳо парванда боз кардаааст."

Ба гуфтаи ин манбаъ, ин афрод, ки яке марду дигаре зан ҳастанд, ба авбошии кучак айбдор карда мешаванд. Ин манбаъ аз ироаи ҷузъиёти бештар дар мавриди ҳамлаи гурӯҳи ношинос ба Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари ҲНИТ дар шаҳри Кӯлоб худдорӣ кард, вале гуфт, ки тафтишот нисбати ин ҳодиса ҷарёан дорад ва баъдан натиҷаҳои он эълом хоҳад шуд.

Як ҳайати ҲНИТ ба раҳбарии Кабирӣ рӯзи 10 июн дар манзили раиси бахши ин ҳизб дар минтақаи Кӯлоб Муҳаммадшариф Набизода дар кӯчаи Оиша Сарвароваи шаҳри Кӯлоб мавриди ҳамлаи як гурӯҳи "мусаллаҳ" бо тухму помидор қарор гирифт. Кабирӣ барои мулоқот бо ҷавонон ба Кӯлоб омада буд, вале азбаски дуруст ҳамон рӯзи 10 июн мақомоти андоз ба дари дафтари ҲНИТ дар Кӯлоб мӯҳр заданд, ин мулоқотро дар манзили Набизода доир карданд.

Барои ҳуҷум ба Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) ва аъзои ин ҳизб дар шаҳри Кӯлоб 6 кило помидор ва 27 дона тухм истифода шудааст.

Аҳмад, як помидорфурӯши бозори “Умед-88”-и шаҳри Кӯлоб дар суҳбати бидуни сабт ба Радиои Озодӣ гуфт, як ношинос аз ӯ 6 кило памидор харид ва шоҳиди гуфгугӯи ӯ бо рафиқаш шуд, ки мегуфт, 27 дона тухм ҳам гирифтааст ва ин миқдор барои «кор» кофист.

Аҳмад баъдтар аз шабакаҳои интернетӣ хабар ёфт, ки ин помидору тухмҳо миёни як гурӯҳ тақсим гардида ва дар ҳамла алайҳи раҳбару аъзои қатории ҲНИТ дар Кӯлоб истифода шуданд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG